Mandriva Linux Дастурҳо оиди Барпосозии Mandriva Linux 2006 Танзимотҳои талабшуда * Пардозгари Pentium ё ҳамсоз * Гардонандаи CDROM * Ақалан 32 MB RAM, 64 MB маслиҳат дода мешавад Барои Коргузории Mandriva Linux дар бештари ҳолатҳо ба шумо лозим аст, ки танҳо Диски Фишурдаи Коргузориро ба гардонандаи CDROM ворид кунед ва мошинаи худро боз оғоз намоед. Марҳамат карда ба пункти 1 муроҷиат намоед. ЭЗОҲ: * Агар шумо навсозии Mandriva Linux нусхаи 7.x, 8.x ё 9.x-ро иҷро карда истода бошед, сохтани нусхаи захиравиро фаромӯш накунед. * Навсозиҳои нусхаҳои пештара (то 7.0) пуштибонӣ НАМЕГАРДАД. Дар ин ҳолат ба шумо лозим аст, ки коргузории навро амалӣ созед, на ин ки нав кунед. ============================================================================ Рӯйхати дар поён овардашуда роҳҳои гуногуни барпосозии Mandriva Linux мебошанд: 1. Бевосита аз Диски Фишурда бор кардан 2. Сохтани диски нарми боркунӣ бо Windows 3. Дигар усулҳои барпосозӣ ============================================================================ 1. Бевосита аз Диски Фишурда бор кардан Диски Фишурдаи Коргузорӣ боркунанда аст. Дар бештари ҳолатҳо танҳо Диски Фишурдаро ба гардонада ворид созед ва мошинаро аз нав бор кунед. Мувофиқи дастурҳо дар экран намоишшаванда амал кунед: барои коргузорӣ калиди [Enter]-ро пахш кунед, ё барои гирифтани ёрии иловагӣ [F1]-ро пахш кунед. ЭЗОҲ: Дар баъзе компютерҳои дастӣ, система аз Диски Фишурда бор нашуданаш мумкин аст. Дар ин ҳолат шумо бояд диски нарми боркуниро тайёр намоед. Барои маълумоти иловагӣ ба пункти 2 нигаред. ============================================================================ 2. Сохтани диски нарми боркунӣ бо Windows Агар компютери шумо аз CDROM бор карда нашавад, шумо бояд диски нармро бо Windows ба таври зерин офаред: * Диски Фишурдаро ҷойгузоред, пас тасвири "Компбтери Ман", бо тугмаи чапи муш дар тасвири гардонандаи CDROM ангушт занед ва "Кушодан"-ро интихоб кунед * ба феҳристи "dosutils" гузаред ва дар тасвири "rawwritewin" дубора ангушт занед * ба гардоднандаи диски нарм диски холиро гузоред * "D:\images\cdrom.img"-ро интихоб кунед дар майдони " Файли Симо" (чунин маъно дорад, ки CDROM-и шумо ин "D:" аст, дар дигар ҳолат "D:"-ро ба чизе, ки ба шумо лозим аст, иваз кунед) * "A:" интихоб кунед дар майдони "Floppy Drive" ва пас ба "Write" ангушт занед. Барои оғоз намудани коргузорӣ: * Диски Фишурдаро ё диски нармро ба гардонанда ворид кунед, баъд * компютерро боз оғоз намоед. ============================================================================ 3. Дигар усулҳои барпосозӣ Агар бо ягон сабаб усулҳои пешина ба шумо мувофиқат накунанд (шумо коргузориро дар шабака аз дастгоҳҳои pcmcia ё ... кардан хоҳед), ба шумо инчунин лозим аст, ки диски нарми боркуниро офаред: * Дар Linux (ё дигар системаи замонавии UNIX) дар эълом чоп кунед: $ dd if=xxxxx.img of=/dev/fd0 * Дар Windows, аз усули дар пункти 2 тавсифшуда, истифода баред, лекин xxxxx.img-ро (ба поён нигаред) ба ҷои cdrom.img интихоб кунед. * Дар DOS, бо шарти он, ки Диски Фишурда ин D:, чоп кунед: D:\> dosutils\rawrite.exe -f install\images\xxxxx.img -d A Дар ин ҷо рӯёхати симоҳои боркунӣ: +-----------------+------------------------------------------------------+ | cdrom.img | коргузорӣ аз Диски Фишурда | +-----------------+------------------------------------------------------+ | hd_grub.img | коргузорӣ аз диски сахт (аз системаҳои файлии Linux, | | | Windows, ё ReiserFS) | | | шумо барои системаи худ танзим карда метавонед: | | | http://qa.mandriva.com/hd_grub.cgi | +-----------------+------------------------------------------------------+ | network.img | коргузорӣ аз ftp/nfs/http | | | Эзоҳ: шумо бояд network_drivers.img-ро ба | | | гардонандаи диски нарм ҳангоми дархост, ворид намоед | +-----------------+------------------------------------------------------+ | pcmcia.img | коргузорӣ аз дастгоҳи pcmcia (огоҳӣ, бештари | | | созгорҳои шабакавии pcmcia дар айни замонбевосита | | | аз network.img пуштибонӣ мегарданд) | +-----------------+------------------------------------------------------+ Инчунин шумо метавонед boot.iso-ро ба Диски Фишурда сабт намуда, аз он бор кунед. Ҳамаи усулҳои коргузорӣ пуштибонӣ мегарданд: аз Диски Фишурда, шабака ва диски сахт. ============================================================================ Инчунин шумо коргузориро дар усули матнӣ истифода бурда метавонед агар, ки бо ягон сабаб мушкилиҳо бо коргузории графикӣ бо нобаёнӣ ба амал оянд. Барои ин ба тугмаи [F1] дар экрани оғознамоии Mandriva Linux пахш кунед, дар сатри таклифоти text. Агар ба шумо лозим ояд, ки системаи мавҷудаи Mandriva Linux-и худро наҷот диҳад, диски фишурдаи коргузориро ворид кунед (ё ягон ки нарми мувофиқ), [F1]-ро дар экрани оғознамоии Mandriva Linux ва дар сатри эъломи rescue, чоп кунед. Ба http://www.mandrivalinux.com/drakx/README нигаред барои ахбороти техникии иловагӣ. ============================================================================ Дар поён қадамҳои асосии коргузорӣ омадаанд: 1. Диски Фишурдаи Коргузории худро ворид кунед (ё агар лозим бошад, диски Нармро) ва мошинаи худро бозоғоз намоед. 2. [Enter]-ро пахш кунед, ҳангоме, ки тирезаи пешвози Mandriva Linux пайдо мешавад ва мувофиқи дастурҳо эҳтиёткорона амал кунед. 3. Вақте, ки коргузорӣ ба охир мерасад, дискеро, ки берун оварда шуд, гиред (инчунин ҳамаи дискҳои нарм аз гардонанда); мошинаи шумо бозоғоз карда мешавад. Агар чунин нашавад, ба таври дастӣ бозоғоз намоед. 4. Mandriva Linux оғоз меёбад. Баъди боркунӣ шумо ба системаи худ зери ҳисоби корвандӣ, ки ҳангоми коргузорӣ офарида шуда буд ворид шуда метавонед, ё ҳамчун "root". Эзоҳи махфӣ: Ҳисоби "root" ба шумо дастрасии бе маҳдудро ба системаи Linux медиҳад. Онро танҳо баҳри батанзимдарорӣ ё идоракунии Linux истифода баред. Барои истифодаи ҳаррӯза ҳисоби корванди оддиро истифода баред, ки онро ба воситаи барномаи пуштибони "userdrake", ё фармонҳои "adduser" ва "passwd" танзим карда метавонед. Бо Mandriva Linux бурдборӣ хоҳонем! ============================================================================ Барои пуштибонии иловагӣ, нигаред ба: * E-Support дар http://www.mandrivaexpert.com/ * Mandriva Linux Errata дар http://www.mandrivalinux.com/en/errata.php3 * Маслиҳатҳо оиди Бехатарӣ аз Mandriva Linux дар http://www.mandriva.com/security/advisories/ * Санадсозии Шабакавӣ дар http://www.mandrivalinux.com/en/fdoc.php3 * Хонед ва ба Гуфтугӯи Шабакавӣ дар Форумҳои Mandriva Club ҳамроҳ шавед дар http://club.mandriva.com * Ба Рӯйхати Постҳо Ҳамроҳ Шавед дар http://www.mandrivalinux.com/en/flists.php3 * Бойгонии Рӯйхати Постҳо бо Ҷустуҷӯи Оддӣ дар http://marc.theaimsgroup.com/ * Дар Internet бо истифодаи Google барои Linux ҷустуҷӯ баред http://www.google.com/linux * Дар Гурӯҳҳои Usenet бо истифодаи Google Groups дар http://groups.google.com/groups?group=comp ҷустуҷӯ баред ============================================================================